Ҷоизаҳои президенти Ӯзбекистон ба сиёсатмадорону ҳунармандони тоҷик

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сиёсатмадорон ва ҳунармандону арбобони ҷамъият ва илми Тоҷикистон ҷоиза дод, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, мувофиқи фармони раисҷумҳур, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени "Фидокорона хизматлар учун"  (Барои хизматҳои фидокорона) сарфароз гардиданд. "Ҷоизаҳо барои саҳми […]

Sputnik Тоҷикистон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сиёсатмадорон ва ҳунармандону арбобони ҷамъият ва илми Тоҷикистон ҷоиза дод, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, мувофиқи фармони раисҷумҳур, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени "Фидокорона хизматлар учун"  (Барои хизматҳои фидокорона) сарфароз гардиданд.

"Ҷоизаҳо барои саҳми бузург дар рушди дӯстии бисёрасраи мардуми бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъолияти босамар дар гусариши равобити фарҳангӣ, нигаҳдошт ва рушди меъроси таърихӣ ва арзишҳову суннатҳои маънавӣ, хизматҳои шоиста дар тасеаи тиҷорати ду тараф ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои стратегии байни кишварҳо дода мешавад" — гуфта мешавад дар фармон.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷкистон Низом Қосим, мудири шӯъбаи дастхатҳои Академияи улуми Тоҷикистон ва дигарон бо ордени "Дӯстӣ" мукофотонида шуданд. Ба Давлатманд Холов ва Атҳам Холов — ҳунармандони номдори тоҷик унвони "Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон" дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.