Қабули Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ

Дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) пазируфта шуд.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиши байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карда, рӯзи 8 сентябр маросими расмии супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) баргузор гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ буда, раёсати Федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассосиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили Федератсияи мазкур мебошанд.

Федератсия дар самти гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ, баргузор намудани омўзишҳо ва машваратҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, ташкили намоишгоҳҳои сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳо ва дар маҷмӯъ вобаста ба рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳои хурду калон имкониятҳои калон дошта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) ба муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро бо Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ  (WTCF) ба роҳ монда истодааст.

Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммалбуда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.