БМТ аз сустшавии таваррум дар Тоҷикистон маълумот медиҳад

Ҷараёни таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи август каме суст шуд. Сатҳи таваррум моҳи августи соли равон 0,8 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Моҳи июли соли ҷорӣ нарху тарифҳо дар кишвар ба андозаи 1,1% боло рафтанд, ки нишондиҳандаи рекордии таварруми моҳона аз оғози сол аст. Нимаи аввали соли равон мизони […]

Asia-Plus

Ҷараёни таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи август каме суст шуд. Сатҳи таваррум моҳи августи соли равон 0,8 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Моҳи июли соли ҷорӣ нарху тарифҳо дар кишвар ба андозаи 1,1% боло рафтанд, ки нишондиҳандаи рекордии таварруми моҳона аз оғози сол аст.

Нимаи аввали соли равон мизони таваррум ҳамагӣ 0,8%-ро ташкил дод, ки моҳона тариқи зайл аст: моҳи январ – 0,4%, апрел – 0,5%, май – 0,6%, июн – 0,5% ва моҳҳои феврал-март арзоншавии нарху тарифҳо ба мушоҳида расид.

Ҳамин тариқ, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон тӯли 8 моҳи соли равон ба 2,8% расид.

Қурби расмии асъор ба санаи 12 сентябр:  1 USD-9.4215 сомонӣ, 1 EUR-10.9167 сомонӣ, 1 рубл  – 0,1342 сомонӣ.

Ба сатҳи таваррум дар соли равон болоравии тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ, ҳамчунин афзоиши нархҳо ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ бештар таъсир расонид. Маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, баръакс арзон шуд.

Арзиши сафар бо нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ҳамчунин нархҳо ба гази моеъ низ нисбатан зиёд боло рафтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.