Корхонаи обу корез: нархи оби нӯшокӣ зиёдтар боло меравад

Аз 15 октябр нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ бо назардошти нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус бо ҳисобкунакҳои обӣ – 2,34 сомонӣ ва бе ҳисобкунакҳои обӣ – 8,42 сомониро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ки аз 15 октябр нархи об барои аҳолӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ боло бурда мешавад. […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз 15 октябр нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ бо назардошти нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус бо ҳисобкунакҳои обӣ – 2,34 сомонӣ ва бе ҳисобкунакҳои обӣ – 8,42 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ки аз 15 октябр нархи об барои аҳолӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ боло бурда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарор “Дар бораи тарифҳои хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо дар КВД «Обу корези Душанбе» аз 17 октябрро раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба имзо расонид.

Тавре аз КВД “Обу корези Душанбе” дар ин бора саҳеҳтар маълумот доданд,  аз 15 октябр нархи 1 метри мукааби об 0,78 сомонӣ (0,58 – оби нӯшокӣ + 0,20 хизматрасонии обу корез) муқаррар мешавад, лекин 2,34 сомонӣ пардохт кардан зарур аст.

“Бо назардошти нишондиҳандаи 3, нархи об ба сурати умум 2,34 сомониро ташкил хоҳад дод. Сокиноне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб шудааст, барои як метри мукааб обу корез 2,34 сомонӣ ва онҳое, ки ҳисобкунак надоранд, ҳар моҳ ба сари ҳар як аъзои оила бояд 8,42 сомонӣ пардохт кунанд”, – гуфтанд дар корхона.

Бино ба гуфтаи манбаъ, нишондиҳанда (коэффисиенти 3) барои дастгирии КВД “ Обу корези Душанбе” ва танзими нархҳо ҷорӣ шудааст.

“Вақте дар хонаҳо ҳисобкунакҳо гузошта, аҳолӣ ба пардохти маблағи оби воқеан истифодашуда оғоз намуд,  корхона зиён дид. Аз ин рӯ, ҷиҳати дастгирии КВД “Обу корези Душанбе” мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки нишондиҳандаи 3-ро ҷорӣ намояд”, – хабар дод муовини роҳбари корхонаи “Обу корези Душанбе” оид ба масоили иқтисодӣ Неъматулло Абдуллоев.

Бо назардошти нишондиҳанда, барои 1 метри мукааби об ва хизматрасониҳои обу корез сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ – 6 сомониву 73 дирам пардохт мекунанд. Барои ташкилотҳои буҷетӣ аз моҳи январи соли 2019 нархи 1 метри мукааби об 2 сомониву 66 дирам муқаррар мешавад.

“Нархҳо бо Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст”, – қайд мешавад дар қарор.

Қаблан барои 1 метри мукааби об аҳолӣ – 0,625 сомонӣ, ташкилотҳои буҷетӣ – 1,97 сомонӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ – 5,38 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд.

Ҳамчунин дар қарор ба КВД “Обу корези Душанбе” дастур дода шудааст, ки насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 – ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 – то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 – ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз КВД “Обу корези Душанбе” дар ин робита хабар доданд, ҳисобкунакҳои обӣ барои аҳолӣ бепул гузошта мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.