Дар мақомоти милитсияи ВМКБ роҳбари нав таъин шуд

Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Дар ин мансаб ӯ Мансур Бухоризодаро иваз кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Давлатмо Додихудозода аз вазифаи раиси Суди ВМКБ озод ва Шоғуфрон Усмонзода, […]

Asia-Plus

Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Дар ин мансаб ӯ Мансур Бухоризодаро иваз кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Давлатмо Додихудозода аз вазифаи раиси Суди ВМКБ озод ва Шоғуфрон Усмонзода, ки то ин дам вазифаи муовини якуми раиси суди вилоятро ишғол мекард, ба ин мансаб таъин шуд.

Бо дастури Президенти Тоҷикистон муовинони раиси ВМКБ аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси ВМКБ таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси ВМКБ таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.

Гуфта мешавад, сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Зимни вохӯрӣ бо кадрҳои тозатаъин Президенти мамлакат онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, таъмини волоияти қонун ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳидоят кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.