Туркманистон ҳоло ҳам ба автомашинаҳои Тоҷикистон иҷозати гузашт намедиҳад

Вазъ бо автомашинаҳо бо молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сарҳади Туркманистон бетағйир боқӣ мемонад: гумрукчиёни туркман молу маҳсулоти барои Тоҷикистон таъиншуда ва содиротшударо аз Тоқикистон иҷозаи гузашт намедиҳанд. Автомашинаҳои боркаш бо молу маҳсулоти Тоҷикистон аз охири моҳи август дар сарҳади Туркманистону Эрон ва Туркманистону Ӯзбекистон дармондаанд. “Чанде аз автомашинаҳо ба самти Озарбойҷон роҳ пеш гирифтанд, то […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазъ бо автомашинаҳо бо молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сарҳади Туркманистон бетағйир боқӣ мемонад: гумрукчиёни туркман молу маҳсулоти барои Тоҷикистон таъиншуда ва содиротшударо аз Тоқикистон иҷозаи гузашт намедиҳанд.

Автомашинаҳои боркаш бо молу маҳсулоти Тоҷикистон аз охири моҳи август дар сарҳади Туркманистону Эрон ва Туркманистону Ӯзбекистон дармондаанд.

“Чанде аз автомашинаҳо ба самти Озарбойҷон роҳ пеш гирифтанд, то ки тариқи қаламрави Қазоқистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Қаблан Вазорат ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия дод.

Ба гуфтаи роҳбари ширкати ҳамлу нақли молу маҳсулоти “Реал Транс” Хайрулло Обидов, чор мошини ин ширкат бо бор дар қаламрави Эрон ва дутои дигараш дар Ӯзбекистон қарор доранд.

Ӯ қайд кард, ки ду мошини ширкат бо бор ба самти Озарбойҷон роҳ пеш гирифтаанд, то ки бо роҳи тавсияшудаи Вазорати нақлиёт ба Тоҷикистон оянд, ки барои ин хеле зиёд маблағи иловагӣ сарф хоҳад шуд.

Ронандагони чанде аз автомашинаҳои дигар, ба гуфтаи ӯ, мошинҳоро дар таваққуфгоҳҳо дар марзи Туркманистон гузошта, ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.