Манбаъ: Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар карданӣ нест

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ, таҳкими тартиботу риояи қонун дар шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 15 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ба он ишора карда буд, Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратиии кишварро сафарбар карданӣ нест, изҳор намуд ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки барои таъмини тартиботу таҳкими риояи қонун дар ВМКБ худи вилоят имконоти кофӣ дорад.

“Имрӯзҳо дар роҳҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ҷиҳати бартараф кардани ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рейдҳои кормандони БДА ва мақомоти милитсияи вилоят гузаронида шуда, дар ин кор аҳолии маҳаллӣ ба мақомот кумаки назаррас мерасонад”, – қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти ШБДА РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ танҳо тайи 10 рӯзи охир дар роҳҳои вилоят беш аз 400 ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки асосан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи автомашина, риоя накардани суръати ҳаракат, идораи автомобил бидуни рақамҳои давлатии бақайдгирӣ марбут аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар марз бо Афғонистон, аз ҷумла дар қитъаи сарҳад бо ВМКБ рӯзҳои охир ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ санаи 15 сентябр Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар минтақа, бахусус шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

Он замон Президент таъкид дошт, ки дар сурати иҷро нашудани дастур, метавонад аз Қувваҳои мусаллаҳ истифода кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...