Обуҳавои Тоҷикистон сард ва борону барф пешгӯӣ мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 8-10 дараҷа поинравии ҳароратро дар ҷумҳурӣ баъди рӯзҳои истироҳат пешгӯӣ мекунад. Аллакай аввали ҳафтаи оянда, 8 октябр борон ва баъзан барф борида, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад. “Баъди 9 октябр боришот хотима ёфта, вале рӯз то рӯз ҳарорати ҳаво поин меравад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ. […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 8-10 дараҷа поинравии ҳароратро дар ҷумҳурӣ баъди рӯзҳои истироҳат пешгӯӣ мекунад.

Аллакай аввали ҳафтаи оянда, 8 октябр борон ва баъзан барф борида, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад.

“Баъди 9 октябр боришот хотима ёфта, вале рӯз то рӯз ҳарорати ҳаво поин меравад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.

Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, ҳарорат рӯзона 27 ва шабона 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ду рӯз ҳаво абрноку бебориш ва ҳарорат дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе суръати вазиши шамол то ба 20-25 метр дар як сония расида, баъзан ҳаво чангу ғуборолуд мегардад.

Дар вилояти Суғд рӯзҳои истироҳат ҳавои абрнок, рӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо (шабона дар баландии беш аз 2000 метр) боридани барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо каме барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.