Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар финали мусобиқаи Чемпионати Осиё

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия бар тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 (ҳисоби замони асосӣ -1-1) пирӯз шуд ва ба финал баромад. Ин бозӣ шаби панҷшанбе, 4-уми октябр, дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, […]

Радиои Озодӣ

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия бар тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 (ҳисоби замони асосӣ -1-1) пирӯз шуд ва ба финал баромад. Ин бозӣ шаби панҷшанбе, 4-уми октябр, дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум кард. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметрӣ футболбозони навраси тоҷик маҳорати баланд зоҳир карда, бо ҳисоби 7-6 пирӯз шуданд. Зарбаи ҳафтуми бозигари кореягиҳо Сон Ҳонг Ҷуро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов баргардонд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо гардид, мунтахаби Ҷопон тими Австралияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ба ин тартиб, дар финал Тоҷикистон бо Ҷопон 7-уми октябр барои унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон рақобат мекунанд.

Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов изҳор доштааст, ки ҳамчун туҳфа ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида мешавад, ки имрӯз, 5 октябр зодрӯзашро ҷашн мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.