Роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар бахши сайёҳӣ

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, роҳбариашро худаш ба уҳда гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба ҳайати Шӯро раисони ноҳияҳои шаҳр, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои дастгохи раиси пойтахт шомил карда шудаанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, роҳбариашро худаш ба уҳда гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба ҳайати Шӯро раисони ноҳияҳои шаҳр, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои дастгохи раиси пойтахт шомил карда шудаанд.

Бо имзои қарор дар бораи таъсиси Шӯро раиси пойтахт ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ба рушди фаъолияти Шӯро ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Пешниҳоди таъсиси Шӯро баҳри ҷалби сайёҳон ба Душанбе санаи 24 сентябр зимни иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дода буд. Он замон раиси шаҳр ҳамчунин дастур дода буд, ки то 1 ноябр дар бораи вазъи бахши сайёҳӣ ҳисоботи муфассал омода гардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.