Ли Кэтсян, Дмитрий Медведев ва Абдулло Орипов ба Душанбе меоянд

Роҳбари Шӯрои давлатии Чин Ли Кэтсян, сарвазирони Россия Дмитрий Медведев ва Ӯзбекистон Абдулло Орипов охири ҳафтаи оянда ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе меоянд. Ҳамчунин сарвазирони Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон низ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Роҳбари Шӯрои давлатии Чин ҳамзамон ба Тоҷикиситон сафари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Роҳбари Шӯрои давлатии Чин Ли Кэтсян, сарвазирони Россия Дмитрий Медведев ва Ӯзбекистон Абдулло Орипов охири ҳафтаи оянда ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе меоянд.

Ҳамчунин сарвазирони Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон низ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Роҳбари Шӯрои давлатии Чин ҳамзамон ба Тоҷикиситон сафари расмӣ анҷом дода, бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе баргузор шуда, дар он ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва соддатар гардонидани расмиёти гумрук таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати кишвар.

Сарвазирони кишварҳои узви СХҲ ҳамчунин роҳу воситаҳои имконпазири ҳавасмандсозии ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳибкории хурду миёна, роҳандозиии ҳамкории густарда байни минтақаҳои кишварҳои узви Созмонро низ баррасӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.