Дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба Япония

Дар доираи сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Япония Акихито дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Япония Акихито дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда шудааст.

Ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барои  дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Япония дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Имрӯз дар Токио ҳамчунин мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима баргузор шуда, зимни вохӯрӣ ҳарду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот имконоти васеъи робитаҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла ҳамкории техникӣ – гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи самараноки неруи инсонӣ, баррасӣ шуда, пешниҳод гардид, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Япония дар Тоҷикистон бунёд гардад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока мулоқот карда, дар ҷараёни мулоқот Японияо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон номид.

Дар мулоқот Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) – ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, табодули андеша карданд.

Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Япония ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, муҳим арзёбӣ гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.