Президенти Ҳиндустон хотираи фарзандони барӯманди кишварашро гиромӣ дошт

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд рӯзи 8 октябр дар Душанбе дар доираи сафари давлатиаш ба хотири гиромидошти фарзандони барҷастаи мардуми ҳинд, ба пояи муҷассамаҳои Маҳатма Гандӣ ва Робиндранат Такур гулчанбар гузошт. Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. […]

АМИТ “Ховар”

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд рӯзи 8 октябр дар Душанбе дар доираи сафари давлатиаш ба хотири гиромидошти фарзандони барҷастаи мардуми ҳинд, ба пояи муҷассамаҳои Маҳатма Гандӣ ва Робиндранат Такур гулчанбар гузошт.

Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ  соли 2003 дар доираи сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бардошта шуда буд.

Гуфта мешавад, соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар  маросими пардабардорӣ  ва ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги ҳинд Робиндранат Такур дар шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмию фарҳангӣ ва тиббии Ҳиндустон амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии ду давлат равона шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.