Автобусҳо дар Душанбе чӣ гуна сохта мешаванд?

Дар пойтахти Тоҷикистон зимистони имсол корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия – «AKIA AVESTO» оид ба васлу насби автобусҳо ба кор даромад: онҳоро дар Туркия харида, дар Душанбе корҳои ниҳоии васлу насбашро ба анҷом мерасонанд. Қаблан мақомоти шаҳрдории Душанбе ва ширкати туркии «AKIA» созиш ҳосил карда буданд, ки барои беҳтар кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз Туркия […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон зимистони имсол корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия – «AKIA AVESTO» оид ба васлу насби автобусҳо ба кор даромад: онҳоро дар Туркия харида, дар Душанбе корҳои ниҳоии васлу насбашро ба анҷом мерасонанд.

Қаблан мақомоти шаҳрдории Душанбе ва ширкати туркии «AKIA» созиш ҳосил карда буданд, ки барои беҳтар кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз Туркия ба Душанбе 200 автобус оварда мешавад.

Автобусҳо дар Душанбе 75% сохташуда оварда шуда, васлу насби ниҳоӣ аллакай дар корхонаи дар боло зикршуда сурат мегирад.

“Васлу насби як автобус як рӯз давом мекунад. Ширкати мо аллакай корҳои васлу насби 119 автобусро анҷом дода, ба ихтиёри мақомоти шаҳрдории пойтахт супурд ва аксари онҳо дар шаҳр равуо доранд. Айни замон овардани автобусҳои дигарро аз Туркия мунтазирем”, – мегӯяд директори генералии корхонаи васлу насби автобусҳои «AKIA AVESTO» Асрор Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, феълан 65 нафар дар корхона машғули кор буда, ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Мирзоев хабар дод, ки ба наздикӣ васлу насби автобусҳо пурра дар кишвари мо анҷом дода мешавад. Корхонае, ки айни замон сохта шуда истодааст, дар заминаи ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва ҶДММ «Сити Сервис Лтд» бунёд мегардад.

Мавриди истифода қарор гирифтани корхона аввали соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Дар назди он ҳамчунин маркази хизматрасонии маҳусулоти истеҳсолшуда низ фаъолият хоҳад кард.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 250-300 автобусро ташкил дода, на камтар аз 200 нафар мутахассони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио