Олимпиадаи наврасон: 1 намояндаи Тоҷикистон аллакай аз мусобиқа хориҷ шуд

Дар шаҳри Буэнос-Айрес рӯзи 7 октяр маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ байни наврасон доир гардида, вале имрӯз аз се намояндаи Тоҷикистон як нафар аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Дар Олимпиада Тоҷикистонро се варзишгар – Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ) ва Анастасия Тюрина (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд. Дирӯз дар маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки маъмулан на дар […]

Дар шаҳри Буэнос-Айрес рӯзи 7 октяр маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ байни наврасон доир гардида, вале имрӯз аз се намояндаи Тоҷикистон як нафар аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар Олимпиада Тоҷикистонро се варзишгар – Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ) ва Анастасия Тюрина (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.

Дирӯз дар маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки маъмулан на дар варзишгоҳ, балки дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр – “Хиёбони 9 июл” баргузор шуд, парчамбардори Тоҷикистон Сулаймони Ҷамшед буд.

Имрӯз дар мусобиқаи дзюдо дар вазни то 66 кило Суаймони Ҷамшед дар рақобати аввал бар варзишгари Қазоқистон Женисбеков ғолиб омада, дар давраи 1/6 финалӣ аз ғолиби ояндаи мусобиқа – озарбойҷонӣ Вугар Толибов шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, ӯ аз идомаи мусобиқа дар Олимпиада маҳрум шуд.

Акнун Тоҷикистон ба Анастасия Тюрина ва Бежан Файзуллоев умуед мебандад. Ба ҳамватанонамон мухлисӣ мекунем!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.