Ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт боз маҳдуд мешавад

Дар робита ба баргузории ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои маркази пойтахт маҳдуд мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, басташавии роҳҳо дар маркази пойтахт аз пагоҳ, соати 12-и рӯз оғоз мегардад. “Ҳангоми ҳаракати қатораи автомашинаҳои сарвазирони кишварҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба баргузории ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои маркази пойтахт маҳдуд мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, басташавии роҳҳо дар маркази пойтахт аз пагоҳ, соати 12-и рӯз оғоз мегардад.

“Ҳангоми ҳаракати қатораи автомашинаҳои сарвазирони кишварҳои ИДМ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро ва Сомонӣ баста мешаванд”, – гуфтанд дар ШБДА.

Рӯзи дигар, 12 октябр баъди соати 14 зимни аз Душанбе рафтани меҳмонони олимақом низ роҳҳо дар кӯчаҳои зикршуда баста хоҳанд шуд.

Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки дар вақти зикршуда аз ҳаракат тариқи роҳҳои кӯчаҳои зикрёфта худдорӣ варзида, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Дар кори ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки роҳбарони ҳукуматҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.