Уҳдадории лоиҳакашони нақшаҳои генералии шаҳрҳо ба инобати имконоти сайёҳии мавзеъ

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилон ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, ки мувофиқи он минбаъд ҳукумати кишвар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳиро бидуни ба инобат гирифтани имконоти сайёҳии мавзеъ тасдиқ карда наметавонад, ҷонибдорӣ намуд. Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ доир ба ин масъала қайд кард, ки зери […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилон ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, ки мувофиқи он минбаъд ҳукумати кишвар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳиро бидуни ба инобат гирифтани имконоти сайёҳии мавзеъ тасдиқ карда наметавонад, ҷонибдорӣ намуд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ доир ба ин масъала қайд кард, ки зери мафҳуми имконоти сайёҳӣ ҷойҳо барои сайругашту истироҳат дар назар дошта шудааст.

“Агар дар нақшаи генералии ҳама гуна шаҳру навоҳӣ ба гунаи мисол агар сохтмони боғу меҳмонхонаҳо пешбинӣ нашуда бошад, он тасдиқ намешавад”, – иброз дошт ӯ.

Имрӯз вакилони парлумон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи хоҷагидории биологӣ ва истеҳсолот” низ дастгирӣ намуданд.

Ин тағйироту иловаҳо ба ҳукумат имкон медиҳанд, ки рӯйхати давлатии маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистонро тартиб диҳад.

Барои тартиб додани рӯйхат аз натиҷаҳои ташхисҳои гузаронидаи аз нигоҳи илмӣ асоснок истифода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.