Фестивали байнулмилалии “Чакан” бори нахуст дар Душанбе

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 октябр бори нахуст дар Душанбе Фестивали байнумилалии ҳунармандии “Чакан” баргузор мешавад. Фестивал бо ташаббуси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузаронида мешавад. Дар барномаи фестивал қайд мешавад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар ҳунармандону косибон маҳсули дастони худро ба маърази […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 октябр бори нахуст дар Душанбе Фестивали байнумилалии ҳунармандии “Чакан” баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузаронида мешавад.

Дар барномаи фестивал қайд мешавад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар ҳунармандону косибон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо мегузоранд.

“Дар фестивал маҳсулоти гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзаниҳо, атласу адрас, маснӯот аз сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кандакорӣ, маснӯот аз муҳра, маснӯоти наққошиву кулолгарӣ, маснӯоти заргарӣ, созу асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад”, – гуфта мешавад дар барномаи фестивал.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, дар доираи фестивал ҳамчунин барномаҳои маърифатӣ ва фароғатӣ, семинару машғулиятҳои гуногун ва ярмаркаи фурӯши маҳсули дастони ҳунармандону косибон низ доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.