Футболбозони ҷавони тоҷик ба Индонезия раҳсипор шуданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои баргузории тамринҳои ниҳоии омодагӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳамакнун даста бо ин сафар якбора дар Чемпионати Осиё -2018, ки дар ҳамин кишвар аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр гузаронида мешавад, низ […]

АМИТ "Ховар"

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои баргузории тамринҳои ниҳоии омодагӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳамакнун даста бо ин сафар якбора дар Чемпионати Осиё -2018, ки дар ҳамин кишвар аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр гузаронида мешавад, низ иштирок хоҳад кард.

Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд.

Зикр мегардад, ки аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамалакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” вориди рақобат мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё   ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Полша гузаронида мешавад, иштирок мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.