Навоварону ихтироъкорони наврас дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукот, озмун-фестивал таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” доир мегардад. Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд. Аз ҷумла, аз вилояти Хатлон […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукот, озмун-фестивал таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” доир мегардад. Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд.

Аз ҷумла, аз вилояти Хатлон 120 нафар, Суғд – 116, ВМКБ – 16, шаҳри Душанбе – 43 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 89 нафар навоварону ихтироъкорони наврасу ҷавон иштирок мекунанд.

Корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи толибилмони мактаб ва донишҷӯён қариб тамоми самтҳои муҳими илму техникаи муосир – физика, кимиё, механика, дорусозӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои маиширо фаро мегиранд.

Барои наврасони то 14-сола ва ҷавонони аз 15 то 30-сола се ҷоиза муқаррар шудааст. Ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои фестивал, туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва мукофотпулиҳо аз сарпарастони озмун аз қабили Бонки байнулмилалии Тоҷикистон,  Бонки Эсхата, ширкатҳои Tcell, "Авесто групп", «Барф», «555», Сатурн-1, «Шамс ва Ко», Сомон Эйр, «Хуаксин Ғаюр цемент», Coca Cola ва ғайра сарфароз гардонида мешаванд.

Дастгирии иттилоотии озмун-фестивал аз ҷониби расонаҳои  «Азия Плюс», Радиои «Ватан», ТВ «Сафина», «Тоҷикистон», «Баҳористон» амалӣ мешавад.

Созмондиҳандагони чорабинӣ қайд мекунанд, ки ҳадаф аз баргузории озмун-фестивал ошкор намудани имконоти наврасону ҷавонон дар навовариву ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии нияти онҳо ба ин кор дар самтҳои гуногуни техникӣ мебошад.

Зикр шуд, ки намоишгоҳи навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ҳамчунин ба пешбурди афкори инноватсионӣ мусоидат намуда, барои толибилмону ҷавонони қобилиятнок таконе барои интихоби касби ояндаашон шуда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио