Имзои қарордодҳо байни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии рӯзи 10 октябр дар Душанбе байни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ як қатор қарордодҳо ба имзо расиданд. Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар доираи кори форум имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо саҳми сармояи хориҷӣ аз ҷониби КВД “Талко”, КВД “Тоҷинвест” ва ҶДММ “Авесто […]

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии рӯзи 10 октябр дар Душанбе байни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ як қатор қарордодҳо ба имзо расиданд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар доираи кори форум имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо саҳми сармояи хориҷӣ аз ҷониби КВД “Талко”, КВД “Тоҷинвест” ва ҶДММ “Авесто Групп” муаррифӣ шуда, якчанд тавофуқҳо ҳосил шуданд.

Дар форум бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва хусусии се кишвар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар кори форум беш аз 200 нафар соҳибкорон, роҳбарон ва намояндагони 23 вазоратҳо, ҳамчунин дигар сохтору ташкилотҳои давлатҳо ширкат варзиданд.

“Бисёре аз ширкатҳои Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҷихати кор дар бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ки ин дар навбати худ, ба ҳамгиройии иқтисоди кишварҳо ва  рушди ҳамкориҳои сеҷониба мусоидат менамояд”, – зикр кард раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев.

Барои иштирок дар кори форум намояндагони 20 ширкати Кореяи Ҷанубӣ, аз чумла ширкатҳои соҳаҳои инноватсионӣ, нақлиётӣ, корхонаҳои электротехникӣ, ҳамчунин намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ташриф оварда, ба фаъолият дар кишвари баландкӯҳ омодагӣ изҳор намуданд.

Дар доираи кори форум  дар шакли В2В гуфтушунидҳо доир гардида, як қатор қарордодҳо ба имзо расиданд ва иштирокчиёни форум ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".