Гузориши тасвирӣ аз Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе

Ба анҷоми сохтмони Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 9 сол пур мешавад: он 12 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV мавриди истифода қарор гирифта буд. Ин панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудаанд. […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Ба анҷоми сохтмони Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 9 сол пур мешавад: он 12 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ин панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудаанд.

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе натанҳо ҷойи ибодат, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд, балки маркази фарҳангие низ мебошад, ки ба наздикшавӣ ва муколама байни фарҳангҳои гуногун ва дину мазҳабҳо мусоидат менамояд.

Танҳо ҷамоатхона бинои хос динист, ки дар он пайравони мазҳаби исмоилия барои ибодат меоянд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дарҳои марказ барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст: аз соати 9 то соати 12 барои шахсони хоҳишманд экскурсия гузаронида мешавад.

Сохтмони марказ соли 2006 оғоз гардида буд. Тамоми қаламрави Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 16 гектар ва бинои марказ 3 гектарро фаро мегирад. Барои бунёди деворҳои марказ аз Самарқанд 3 миллион дона хишт оварда шуд. Дохили бино ба аз 4 бахш – маъмурӣ, иҷтимоӣ, барои ҷавонон ва маърифатӣ бо китобхона иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.