Оғози Кинофестивали VIII байналмилалии «Дидор» дар Душанбе

АМИТ «Ховар»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар иедищад, дар кинофестивали мазкур  филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта мешаванд.

Гуфта мешавад, дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  тӯли 5  рӯз беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм намоиш дода мешаванд.

Ба  иттилои манбаъ, Кинофестивал имрӯз, соати  10:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Дар  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»   зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора  9 филм пурра ва 12 –тояш филмҳои  кӯтоҳметраж  мебошанд.

Қайд мешавад, ки инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки 16 октябр дар Тоҷикистон  Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр  Кинофестивали байналмилалии «Дидор» доир мегардад.

Зикр мегардад, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши   филмҳо ҳамарӯза   аз соати 10:00 то 20:00 тавассути 5 намоиш пешниҳод  мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...