Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор мешавад.
Фестивал санаи 10 ноябр дар Боғи фарҳангу истироҳати таъмиру навсозишудаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.
“Айни замон масоили марбут ба шумори ошпазон, ки дар фестивал иштирок мекунанд ва ҳамчунин ҳалли масъалаҳои ҳавасмандсозии иштирокчиёни фестивал мавриди баррасиву таҳия қарор дорад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории Фестивали “Оши палав” тарғиби фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон, ҳунари ошпазӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мардуми тоҷик аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


