Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари кории нав боз кард

Asia-Plus

Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари асосии кории нави худро боз намуд, ки дар паҳлӯи чорроҳаи бинои Кумитаи гумрук (наздикии “Дом печати”) воқеъ аст.

Сохтмони бино бо риояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, дар дохили бино барои бароҳату дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонӣ ба мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар бонки мазкур ба мо хабар доданд, ки ба рушди касбии кормандони муассиса таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, чунки онҳо арзишмандтарин дороии бонк мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи бино раҳбарияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии ҷумҳурӣ, муштариён ва шарикони Бонк, ҳамчунин дигар меҳмонони воломақом ширкат варзиданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода қайд кард, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд қарордошта буда, дар давраи нисбатан кӯтоҳи фаъолият бо пешниҳоди хизматгузориҳои хушсифат эътимоди мизоҷонро ба даст овард.

“Бовар дорем, ки минбаъд доираи хизматгузории Бонк густариш ёфта, ҳамин тариқ бонк ба рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус пешравиҳо дар низоми пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосир саҳми худро мегузорад”, – иброз дошт Ҳамидулло Машрабзода.

Ба қавли муовини раиси Раёсати Бонки байналмилалии Тоҷикистон Дилафрӯз Холиқова, бонк ҳамеша мақсад дорад, ки талаботи мизоҷонро ошкор ва онҳоро қаноатманд намояд.

“Мо аз муштариёни худ миннатдорем, ки бо мо бовар карда, хизматгузориҳои ин бонкро интихоб карданд. Рӯи ҳарчи беҳтар кардани хизматрасониҳоямон минбаъд низ талош мекунем”, – қайд кард Дилафрӯз Холиқова.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон айни замон дорои 8 филиал ва 5 марказҳои хизматрасонӣ дар минтақаҳои кишвар буда, шумори кормандонаш беш аз 230 нафарро ташкил медиҳад. Бонк узви низомҳои байнулмилалии пардохт, аз қабили VISA, UnionPay, Золотая Корона, Контакт ва Корти Миллӣ мебошад.

Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...