Душанбеву Остонаро хатсайри мустақим мепайвандад

Ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Қазоқистон аз шаҳри Остона ба пойтахти Тоҷикистон хатсайри нав боз карданист. Хатсайре, ки пойтахтҳои ду кишварро мепайвандад, аз 14 декабр роҳандозӣ мешавад, изҳор кардааст Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон. Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kz, ифтитоҳи хатсайр ба туфайли ҳамкории мақомоти авиатсионии давлатҳо ва ширкати ҳавопаймоии «SCAT» дар доираи фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ […]

Ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Қазоқистон аз шаҳри Остона ба пойтахти Тоҷикистон хатсайри нав боз карданист. Хатсайре, ки пойтахтҳои ду кишварро мепайвандад, аз 14 декабр роҳандозӣ мешавад, изҳор кардааст Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон.

Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kz, ифтитоҳи хатсайр ба туфайли ҳамкории мақомоти авиатсионии давлатҳо ва ширкати ҳавопаймоии «SCAT» дар доираи фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва гуфтушунидҳои дуҷониба муяссар гардида, ба рушди муносибатҳои неки мутақобилаи ҳамҷаворӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

Гуфта мешавад, парвозҳо тариқи хатсайри Остона – Душанбе – Остона ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо ҳавопаймои навъи CRJ-200 сурат мегиранд. Айни замон фурӯши билетҳо оғоз шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз Душанбе ба Остона метавон танҳо тавассути Алмаато сафар кард, ки ба ин шаҳр қариб ҳамарӯза парвозҳои ҳавопаймоҳои ҳам ширкатҳои Қазоқистону ҳам Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.