Акнун тоҷикистониён бе виза 90 рӯз дар Туркия монда метавонанд

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон қарореро имзо кард, ки бар асоси шаҳрвандони 4 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Либия метавонанд бидуни виза то 90 рӯз дар Туркия бимонанд. Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.com, то кунун шаҳрвандони ин кишвар метавонистанд танҳо то 30 рӯзи бидуни виза ба Туркия сафар кунанд. Хадамоти матбуоти президенти Туркия […]

Tajikistantimes.com

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон қарореро имзо кард, ки бар асоси шаҳрвандони 4 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Либия метавонанд бидуни виза то 90 рӯз дар Туркия бимонанд.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.com, то кунун шаҳрвандони ин кишвар метавонистанд танҳо то 30 рӯзи бидуни виза ба Туркия сафар кунанд. Хадамоти матбуоти президенти Туркия гуфт, ин қарор дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба иҷро дароварда мешавад.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар роҳи боз кардани дарҳои кишвараш як қадами дигар гузошт. Эрдуғон рӯзи 11 ноябр қарорҳоеро имзо кард, ки бар асоси он ба шаҳрвандони 4 кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Либия – ҳаққи сафари бидуни виза ба Туркия ба мӯҳлати то 90 рӯз дода мешавад.

То кунун шаҳрвандони ин кишварҳо ҳақ доштанд, то 30 рӯзи бидуни виза ба Туркия биоянд. Дар қарори президенти Туркия омадааст, ин тасмими нав, ки дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба иҷро хоҳад даромад, барои шаҳрвандони аз 12-сола то 65-сола буда, ҳар нафаре, ки ба Туркия меояд, дар байни 180 рӯз метавонад 90 рӯз дар инҷо бидуни виза бимонад.

Ҳадаф аз ин маҳдудияти охир пешгирӣ аз вуруди онҳоест, ки барои кор ба Туркия меоянд.

Туркия бо ҳадафи ҷалби сайёҳони бештар барои беш аз 100 кишвари дунё низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст.

Шаҳрвандони Русияву Украина ва Беларусу Озарбойҷон қаблан ҳам ҳаққи сафари бидуни виза ба Туркия ба муҳлати то 90 рӯзро доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.