Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари кории нав боз кард

Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари асосии кории нави худро боз намуд, ки дар паҳлӯи чорроҳаи бинои Кумитаи гумрук (наздикии “Дом печати”) воқеъ аст. Сохтмони бино бо риояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, дар дохили бино барои бароҳату дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонӣ ба мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар бонки мазкур ба мо хабар доданд, […]

Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари асосии кории нави худро боз намуд, ки дар паҳлӯи чорроҳаи бинои Кумитаи гумрук (наздикии “Дом печати”) воқеъ аст.

Сохтмони бино бо риояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, дар дохили бино барои бароҳату дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонӣ ба мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар бонки мазкур ба мо хабар доданд, ки ба рушди касбии кормандони муассиса таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, чунки онҳо арзишмандтарин дороии бонк мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи бино раҳбарияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии ҷумҳурӣ, муштариён ва шарикони Бонк, ҳамчунин дигар меҳмонони воломақом ширкат варзиданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода қайд кард, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд қарордошта буда, дар давраи нисбатан кӯтоҳи фаъолият бо пешниҳоди хизматгузориҳои хушсифат эътимоди мизоҷонро ба даст овард.

“Бовар дорем, ки минбаъд доираи хизматгузории Бонк густариш ёфта, ҳамин тариқ бонк ба рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус пешравиҳо дар низоми пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосир саҳми худро мегузорад”, – иброз дошт Ҳамидулло Машрабзода.

Ба қавли муовини раиси Раёсати Бонки байналмилалии Тоҷикистон Дилафрӯз Холиқова, бонк ҳамеша мақсад дорад, ки талаботи мизоҷонро ошкор ва онҳоро қаноатманд намояд.

“Мо аз муштариёни худ миннатдорем, ки бо мо бовар карда, хизматгузориҳои ин бонкро интихоб карданд. Рӯи ҳарчи беҳтар кардани хизматрасониҳоямон минбаъд низ талош мекунем”, – қайд кард Дилафрӯз Холиқова.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон айни замон дорои 8 филиал ва 5 марказҳои хизматрасонӣ дар минтақаҳои кишвар буда, шумори кормандонаш беш аз 230 нафарро ташкил медиҳад. Бонк узви низомҳои байнулмилалии пардохт, аз қабили VISA, UnionPay, Золотая Корона, Контакт ва Корти Миллӣ мебошад.

Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.