Ҳушдорҳои бенатиҷаи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба “Барқи тоҷик”

Расо нуҳ сол пеш раҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бори нахуст расман ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ намуд, ки бинобар сабаби қодир набудани ширкати “Барқи тоҷик” ба пардохти нерӯи барқи гирифтааш, метавонад фаъолияташро қатъ намояд. Он замон нерӯгоҳ аз кор намонда, имрӯз ҳам кор мекунад, лекин мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти нерӯгоҳи Сангтӯда-1, […]

Расо нуҳ сол пеш раҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бори нахуст расман ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ намуд, ки бинобар сабаби қодир набудани ширкати “Барқи тоҷик” ба пардохти нерӯи барқи гирифтааш, метавонад фаъолияташро қатъ намояд. Он замон нерӯгоҳ аз кор намонда, имрӯз ҳам кор мекунад, лекин мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ба аввали моҳи октябри соли 2018 қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳ 1 млрд. 29 млн. сомонӣ (110 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Муддати 9 моҳи ҳамин сол ҳаҷми қарз қариб 234 млн. сомонӣ (наздики 25 млн. доллар) афзуд.

Ягона харидори барқи нерӯгоҳ ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки аз замони оғози фаъолияти нерӯгоҳ маблағи ҳудуди 63% аз барқи гирифтаашро пардохт намудааст. Ғайр аз ин, бо сабаби қодир набудани ширкати “Барқ тоҷик” ба фурӯхтани барқ, нерӯгоҳ бо иқтидори пурра кор карда наметавонад. Иқтидори пурраи нерӯгоҳ 670 МВт-ро ташкил дода, айни замон бо иқтидори 236 МВт фаъолият дорад.

Аз 1 январи соли 2018 арзиши барқи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба ширкати "Барқи тоҷик" 0,02408 доллари ИМА барои 1кВт/соат муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи барқ дар Тоҷикистон каме бештар аз 2 сентро ташкил медиҳад, ки ба ақидаи раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” сабаби асосии қарздорӣ аст.

Дар мавсими тобистон ширкати “Барқи тоҷик” энергияи нерӯгоҳро бо нархи зиёда аз 4 сент ба Афғонистон содирот намуда, лекин хатҳои интиқоли барқи мавҷуда ҳаҷми интиқол ба ин кишварро маҳдуд мекунанд. Дигар чунин бозори фоидаовари содирот алҳол мавҷуд нест.

Бинобар ин, дар мавсими тобистон нерӯгоҳ ба партоби холии об дар ҳаҷмҳои ниҳоят зиёд маҷбур мешавад.

Дар “Барқи тоҷик” қайд мекунанд, ки дар мавсими зимистон аз нерӯгоҳ барқро бо нархи баланд гирифта, маҷбуранд, ки онро ба истеъмолгарон бо арзиши нисбатан пасттар фурӯшанд.

“Ин ба афзудани қарздорӣ назди нерӯгоҳ ва мутаносибан, бадшавии вазъи молиявии ширкат оварда мерасонад”, – таъкид мекунанд дар ширкат.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширктҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба 10% баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.