Шоиронро насупоред набӯсида ба хок…

23 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир таҷлил карда шуд. Дар он маҳфил адибон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони шеъри Бозор Собир ҷамъ омада, аз хотироти неки бо шоири маҳбуб доштаашон нақлҳо карданд ва ҳунармандон аз эъҷодиёти ӯ сурудҳо хонданд.   Зикр гардид, ки Бозор Собир аз зумраи шоиронест, […]

Asia-Plus

23 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир таҷлил карда шуд. Дар он маҳфил адибон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони шеъри Бозор Собир ҷамъ омада, аз хотироти неки бо шоири маҳбуб доштаашон нақлҳо карданд ва ҳунармандон аз эъҷодиёти ӯ сурудҳо хонданд.

 

Зикр гардид, ки Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки ҳар байти ӯ дар қалби хонанда ҷой шуда, шеърҳояш ҷовидонианд. Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир – “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум карда, Бозор Собирро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик намудааст.  Баъдтар, дар оғози ҷунбиши бедорӣ ва даъвоҳои мақоми расмӣ додан ба забони тоҷикӣ ин шеъри Бозор Собир ба шиор табдил ёфт.

 

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Адабиётшиносон Бозор Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.

Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.

Паз чанд муддати беморӣ 1 майи соли равон дар синни 79-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.