Нисфи саноати Тоҷикистонро истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнергия ташкил медиҳад

Қариб нисфи ҳиссаи саноати Тоҷикистон ба истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнеретика рост меояд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли дар 10 моҳи соли равон беш аз 19,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% бештар мебошад. Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми […]

Asia-Plus

Қариб нисфи ҳиссаи саноати Тоҷикистон ба истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнеретика рост меояд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли дар 10 моҳи соли равон беш аз 19,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% бештар мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 10 моҳи соли 2018 тариқи зайл аст: саноати маъдан (26,0%), электроэнергетика (23,2%), саноати хӯрокворӣ (19,9%), саноати масолеҳи сохтмон (10,8%),  саноати сабук (корхонаҳои пахтатозакунӣ) (10,3%), саноати мошинсозӣ (6,9%), саноати ангишт (1,3%), саноати табъу нашр (1,0%)  ва саноати нафт ва газ (0,6%).

Гуфта мешавад, дар 10 моҳи  соли 2018 рушди саноат дар ҳамаи  минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд – 109,5%, вилояти Хатлон – 112,2%, Вилояти Мухтои Кӯҳистони Бдахшон – 107,3%,  шаҳри Душанбе – 119,0% ва НТҶ 1- 22,4%-ро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки тТибқи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 105 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1 ҳазору 487 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.