Ҳукумати Русия шумори квотаҳоро ба иҷозаи зисти муваққатӣ кам кард

Ҳукумати Русия квотаҳои нав ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) муқаррар намуд. Супориши дахлдорро дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба имзо расонид. Мувофиқи ин санад, соли 2019 83 480 нафар Иҷозаи зисти муваққатӣ гирифта метавонанд. Ин миқдор нисбат ба соли 2018 (90 360 квота) 6880 адад камтар мебошад. Додани […]

muhojir.news.tj

Ҳукумати Русия квотаҳои нав ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) муқаррар намуд. Супориши дахлдорро дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба имзо расонид.

Мувофиқи ин санад, соли 2019 83 480 нафар Иҷозаи зисти муваққатӣ гирифта метавонанд. Ин миқдор нисбат ба соли 2018 (90 360 квота) 6880 адад камтар мебошад.

Додани чунин иҷоза аз ҳама бештар дар Ҳавзаи федералии марказӣ – 24 150 адад, аз ҷумла дар вилоятҳои Маскав – 4 ҳазор, Белгород – 2,5 ҳазор, шаҳри Маскав – 2 ҳазор (дар вилоятҳои Липетск ва Тула низ ҳамин миқдор аст) ба нақша гирифта шудааст.

Дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб шумори чунин квотаҳо – 6480, Ҷанубӣ – 11 200, Приволжск – 14 200, Урал – 4800, Сибир – 9620 ва Шарқи Дур – 6130 ададро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, коҳиши шумори квотаҳо нисбат ба соли 2018 ба идомаи амалисозии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия вобаста аст, ки аз иштирокчиёни он гирифтани квота талаб намешавад.

Ҳамин тариқ, тӯли 8 моҳи соли 2018 дар бораи ба 42 343 иштирокчиёни ин барнома ва аъзои оилаи онҳо додани иҷозаи зисти муваққатӣ бидуни квота қарор қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 шумори квотаҳои иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) 110 880 ададро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2016 – 15 ҳазор адад камтар буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.