Фавти тоҷикистонии боздоштшуда дар шуъбаи пулиси Маскав

Марди 36-сола аз Тоҷикистон дар шуъбаи умури дохилии “Вешняки” воқеъ дар шарқи шаҳри Маскав халок шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Москва”. Бино ба иттилои манбаъ, санаи 21 ноябр кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ҳамдастӣ бо дастаи махсуси зудамал (СОБР) дар кӯчаи Никитинская дар доираи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ғоратгарӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд 18 нафар шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Марди 36-сола аз Тоҷикистон дар шуъбаи умури дохилии “Вешняки” воқеъ дар шарқи шаҳри Маскав халок шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Москва”.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 21 ноябр кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ҳамдастӣ бо дастаи махсуси зудамал (СОБР) дар кӯчаи Никитинская дар доираи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ғоратгарӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт мекунанд.

“Байни боздоштшудагон марди 38-солае низ ҳузур дошт, ки бо сабаби муқовиматаш ба кормандони пулис ба дастонаш завлона зада буданд. Дар кабинети хизматии шуъбаи умури дохилӣ ӯ ногаҳон худро бад ҳис намуда, аз курсии нишастааш ба замин афтид ва пас аз он фавтид. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи дилу раг унвон карданд”, -менависад хабаргузорӣ  аз нақли як манбаъ дар шуъбаи ВКД.

Гуфта мешавад, ҷасдаи фавтида ба мурдахона (морг) интиқол дода шуда, аз рӯи ин далел санҷиш, аз ҷумла санҷиши хизматӣ ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.