Маршруткаҳоро дар роҳҳои пойтахт автобусҳо иваз карданд

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе, тасмим гирифт, ки шумори воситаҳои нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес-Бенс» (маршруткаҳо)-ро дар хатсайрҳои пойтахт маҳдуд намояд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 3 декабр дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 – Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ – маҳаллаи "Пахтакор") низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, равуои автобусҳои хатсайри №10 роҳандозӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ-Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда  шуд.

Ҳамзамон шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик – Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуда, вале ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр ба роҳ монда нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...