Собиқ фармондеҳи саҳроии мухолифин сардори милитсияи Исфара таъин шуд

Генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода сардори ШВКД-1 шаҳри Исфара таъин шуд. Аз соли 2013 ӯ ба сифати сардори ШВКД шаҳри Турсунзода фаъолият мекард. Сардори нави Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода подполковники милитсия Алихон Рустам таъин шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Собиқ фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Искандарзода […]

Генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода сардори ШВКД-1 шаҳри Исфара таъин шуд. Аз соли 2013 ӯ ба сифати сардори ШВКД шаҳри Турсунзода фаъолият мекард.

Сардори нави Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода подполковники милитсия Алихон Рустам таъин шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Собиқ фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров) баъди имзои Созишномаи сулху истиқрори миллӣ дар кишвар моҳи июни соли 1997 ба сохторҳои қудратии ҳукумат, Қушӯнҳои сарҳадӣ пайваст.

Номи Муҳаммадшоҳ Искандарзода пас аз иштироки фаъолонаи воҳиди зертобеи ӯ дар саркӯб кардани исёни ҷонибдорони мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Суғд дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Тирамоҳи соли 2010 Искандаров дар амалиёти нерӯҳои ҳукумат зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло дар водии Рашт фаъолона ширкат варзида, баъдан муовини сардори Раёсати минтақавии ВКД таъин шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.  

Ҳамин тариқ сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Норак, Турсунзода, Ваҳдат,  Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Деваштич,  Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ, Муъминобод ва Кӯшониён, Шаҳринав ва ШВКД ноҳияи Сино-1 иваз карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.