Маршруткаҳоро дар роҳҳои пойтахт автобусҳо иваз карданд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе, тасмим гирифт, ки шумори воситаҳои нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес-Бенс» (маршруткаҳо)-ро дар хатсайрҳои пойтахт маҳдуд намояд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 3 декабр дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 – Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе, тасмим гирифт, ки шумори воситаҳои нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес-Бенс» (маршруткаҳо)-ро дар хатсайрҳои пойтахт маҳдуд намояд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 3 декабр дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 – Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ – маҳаллаи "Пахтакор") низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, равуои автобусҳои хатсайри №10 роҳандозӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ-Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда  шуд.

Ҳамзамон шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик – Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуда, вале ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр ба роҳ монда нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.