Пешниҳоди паёми имсолаи президент ба парлумон то соли нав

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми худро ба парлумони кишвар санаи 26 декабр пешниҳод мекунад. Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро қироат мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор мешавад. Ба ҷуз аъзои парлумон, дар ин ҷаласа […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми худро ба парлумони кишвар санаи 26 декабр пешниҳод мекунад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро қироат мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор мешавад.

Ба ҷуз аъзои парлумон, дар ин ҷаласа раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Маросими ироаи паёми президент ба парлумонро тамоми шабакаҳои давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ мустақиман пахш мекунанд.

Кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни макотиби олии кишвар, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар маҷлисгоҳҳо пахши мустақими паёми Сарвари давлатро тамошо мекунанд.

Дар паёмҳои ҳарсола президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеаро дар соли оянда муайян мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.