Лука Модрич бори нахуст ба ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соҳиб шуд

Лука Модрич, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Хорватия ва бозигари бошгоҳи "Реал"-и Мадрид ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2018 барои аввалин бор барандаи ҷоизаи маҷаллаи France Football "Тӯби тиллоӣ" шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҷоиза ба Лука Модричи 33-сола дар як маросими пуршукӯҳ, ки 3-юми декабр дар шаҳри Парижи Фаронса доир гардид, супурда […]

Радиои Озодӣ

Лука Модрич, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Хорватия ва бозигари бошгоҳи "Реал"-и Мадрид ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2018 барои аввалин бор барандаи ҷоизаи маҷаллаи France Football "Тӯби тиллоӣ" шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҷоиза ба Лука Модричи 33-сола дар як маросими пуршукӯҳ, ки 3-юми декабр дар шаҳри Парижи Фаронса доир гардид, супурда шуд. Ӯ дар мубориза барои ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" аз собиқ ҳамдастааш Криштиану Роналду, ки ҳоло дар бошгоҳи "Ювентус"-и Италия бозӣ мекунад ва ҳамлагари мунтахаби Фаронса ва бошгоҳи "Атлетико"-и Испания Антуан Гризманн пеш гузашт.

Гуфта мешавад, дар мавсими 2017/18 Модрич дар ҳайати "Реал" ғолиби лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардида, дар дастаи мунтахаби Хорватия медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро ба даст овард. Моҳи сентябри имсол нимҳимоятгар Лука Модрич аз рӯи ривояти ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) беҳтарин футболбоз эътироф шудааст. Ҳамчунин ӯро УЕФА (Созмони футболи Аврупо) низ беҳтарин бозигари сол эълон кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз соли 2008 то 2017 "Тӯби тиллоӣ"-ро панҷборӣ Лионел Месси ва Криштиану Роналду ба даст овардаанд. Ин дафъа Роналду дуюм ва Месси панҷум шуданд.

Ба даҳгона аз байни 30 довталаби "Тӯби тиллоӣ" инҳо дохил шуданд:

1. Лука Модрич, ("Реал");

2. Криштиану Роналду ("Реал"/"Ювентус");

3. Антуан Гризманн ("Атлетико");

4. Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен");

5. Лионел Месси ("Барселона");

6. Муҳаммад Салоҳ ("Ливерпул");

7. Рафаэл Варан ("Реал");

8. Эден Азар ("Челси");

9. Кевин де Брёйне ("Манчестер Сити");

10. Харри Кейн ("Тоттенҳэм").

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.