То охири ҳафта обуҳавои дар Тоҷикистон софу беғубор мешавад

Asia-Plus

То охири ҳафта сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, то охири ҳафта дар саросари ҷумҳурӣ боришот пешбинӣ нашуда, обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон итминон доданд, ки баъзан обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорати то 16 дараҷа гарм мешавад. Сокинони пойтахтро низ чунин вазъи обуҳаво инттизор аст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар минтақаи ҷануб ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ин давра боридани барф дар назар нест.

Ҳамчунин то ҳол маълум нест, ки дар кадом гӯшаи Тоҷикистон сокинон Соли навро бо барф пешвоз гирифта метавонанд.

“Дар ин бора маълумот додан алҳол барвақт аст, зеро барои охири моҳи декабр мо алҳол пешгӯии дақиқ надорем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии гирдрометеорологии кишвар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе минтақаҳо  боридани борону барф  дар  назар аст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-3,   рӯзона  +2+4  ва дар шарқи ин вилоят шабона -18-20  ва рӯзона -3-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3  ва рӯзона 9+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону  барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 2000 м барф меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0-5  ва рӯзона  ба  9-14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона боридани борон  дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...