Душанбе ва музофоти Хайнани Чин бародаршаҳр шуданд

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Юн Протоколро дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва музофоти Хайнани  Чин ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технология, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ммзофоти Хайнан бо масоҳати 35 ҳазор метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда,  маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.

Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи   (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳи Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин(18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...