Манораи соат дар ҷойи пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷойи пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар маркази пойтахт, ки соли 2015 кӯчонида шуд, манораи 18 метра бо соати истеҳсоли Туркия қомат меафрозад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, гирду атрофи манораро гулгашт зебу зинат дода, сохтмони манора моҳи марти соли оянда ба итмом мерасад.

Санаи 12 декабри соли 2015 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ) пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон, ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон соли 1949 қомат афрохта буд, кӯчонида шуд.

Сабаби кӯчонидан халали он ба амалисозии Нақшаи генералии пойтахт унвон шуд. Қаблан як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид ва аз нигоҳи меъморӣ, дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад.

Пояи сутуни кӯҳна шабона кӯчонида шуд, то ки ба ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр халал эҷод нагардад. Пояи сутун ҳамчун мероси замони шӯравӣ ба ихтиёри Фонди адабии Тоҷикистон супорида шуд. Дар ҷойи он гулгашт бунёд гардид.

Қобили зикр аст, ки Баландии пояи сутуни нав бо Нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...