«Оши палав»-и Нозим Қаландаров яке аз аксҳои беҳтарини соли 2018

ТАСС аксҳои беҳтарини соли 2018-ро интихоб кард Ба маҷмӯаи интихобшуда сурати аксбардори шинохтаи тоҷик, суратгири хабаргузории “Азия-Плюс” Нозим Қаландаров низ шомил гардидааст. Сурати мазкур санаи 10 ноябри соли 2018 дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе гирифта шудааст. Дар шарҳи роҳандозии лоиҳаи махсуси “Кадрҳои асосии соли 2018 (Главные […]

ТАСС аксҳои беҳтарини соли 2018-ро интихоб кард

Ба маҷмӯаи интихобшуда сурати аксбардори шинохтаи тоҷик, суратгири хабаргузории “Азия-Плюс” Нозим Қаландаров низ шомил гардидааст.

Сурати мазкур санаи 10 ноябри соли 2018 дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе гирифта шудааст.

Дар шарҳи роҳандозии лоиҳаи махсуси “Кадрҳои асосии соли 2018 (Главные кадры 2018) муовини сардабири ТАСС Григорий Дукор таъкид доштааст, ки ҳама гуна хабаргузории бонуфуз мудом аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ мекунад, аз ҷумла дар бахши аксбардорӣ низ.

Ӯ суратҳои аз ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гирифтаро, ки соли 2018 дар Русия доир гардид, аз комёбиҳои бахши аксбардории хабаргузорӣ унвон кардааст. “Акси беҳтарин онест, ки бидуни матн метвавонад рӯйдодро бозгӯ намояд ва лоиҳаи махсус маҳз аз чунин суратҳои хабарнигорони ТАСС иборат аст”, – гуфтааст Дукор.

Дар суратҳои ба лоиҳаи махсус воридшуда лаҳзаҳои муҳимтарини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, дигар рӯйдодҳои муҳими соли 2018, ҳамчунин лаҳзаҳои ҷолиб аз ҳаёти рӯзмарра инъикос ёфтаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".