Уҳдадории Вазорати молия ба нашри маълумот дар бораи буҷет

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини шаффофияти хароҷоти воситаҳои буҷет дастур дода мешавад, ки ҳар семоҳаи сол дар сомонаи интернетии Вазорати молия дар бораи рафти иҷрои қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 маълумот ба нашр расонида шавад. Истисно танҳо маълумоти махфӣ аст. Дар боби “Буҷет” дар сомонаи Вазорати молия маълумоти бештар “нав”-ро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини шаффофияти хароҷоти воситаҳои буҷет дастур дода мешавад, ки ҳар семоҳаи сол дар сомонаи интернетии Вазорати молия дар бораи рафти иҷрои қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 маълумот ба нашр расонида шавад. Истисно танҳо маълумоти махфӣ аст.

Дар боби “Буҷет” дар сомонаи Вазорати молия маълумоти бештар “нав”-ро оид ба иҷрои буҷет метавон аз “Гузориши нимсолаи иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2018”иборат аз 17 саҳифа дастрас намуд.

Ба сурати умум, вазъи дастрасӣ ба маълумот дар бораи буҷет дар Тоҷикистон начандон қобили қабул аст: Вазорати молия натанҳо аз нашри саривақтии маълумот дар бораи буҷет дар сомонаи худ худдорӣ мекунад, балки дархостҳои дахлдори рӯзноманигоронро низ дар ин хусус нодида мегирад.

Буҷети давлатии соли 2019 охири моҳи ноябр аз ҷониби парлумон қабул шуд. Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети соли равон ба маблағи 23,8 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст. Аз сеяки он беш аз ду ҳиссашро воридоти маблағҳо аз андоз ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми умумии қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба маблағи наздики 24,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 дар инфографикаи мо:

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.