Манбаъ: Собиқ раиси Хатлон ояндаи наздик ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллиро месупорад

Date:

Собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ояндаи наздик бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро супорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 14 январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузори ҷумҳурӣ, дигар наметавонад курсии вакилиро дар ҳама гуна сатҳ ишғол намояд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муддати панҷ соли охир роҳбарии вилояти Хатлонро ба уҳда дошта, 14 январ бо фармони президент аз вазифааш озод карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумон бо фармони президент таъин мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...