Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр”-ро аз толори ҷаласа пеш кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ зимни ҷаласаи ҷамъбасти соли гузаштаи ҳукумат аз роҳбарони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк” дархост намуд, ки толорро тарк кунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар ҳукумати ҷумҳурӣ. Баъди шунидани ҳисоботи раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва роҳбари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ зимни ҷаласаи ҷамъбасти соли гузаштаи ҳукумат аз роҳбарони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк” дархост намуд, ки толорро тарк кунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар ҳукумати ҷумҳурӣ.

Баъди шунидани ҳисоботи раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва роҳбари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов дар бораи фаъолияти ниҳоди зертобеъашон дар соли 2018, Эмомалӣ Раҳмон ҳардуро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дархост намудааст, ки фавран толорро тарк намоянд.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар маълумоти интишоршуда доир ба ҷаласаи мазкур мухтасар хабар медиҳад, ки ҳисоботи роҳбарони “Амонатбонк” ва ширкати “Тоҷик Эйр” шунида шуда, аммо дар бораи интиқоди шадиди президент нисбати Ҳакимзода ва Раҳимов ишора нашудааст.

Фармонҳои президент дар бораи аз мансаб сабукдӯш шудани Руҳулло Ҳакимзода ва Хайрулло Раҳимов алҳол нашр нашуда, лекин ин рафтори Сарвари давлат маънои онро дорад, ки роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр” аз курсиҳояшон маҳрум шуданд.

Ҳакимзода Руҳулло 13 майи соли 2015 бо фармони президент раиси БДА “Амонатбонк” таъин шуд. То ин таъинот ӯ ба ҳайси муовини аввали ин бонк фаъолият дошт.

Хайрулло Раҳимов санаи 27 январи соли 2016 ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопайоии “Тоҷик Эйр” таъин гардида буд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.