Дар Душанбе маҷмааи намоишгоҳии 22-ошёна сохта мешавад

Asia-Plus

Ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки маҷмааи нав дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе қомат афрохта, аз 22 ошёна иборат хоҳад буд.

“Дар маҷмааи нав ду толори бузурги намоишгоҳӣ бунёд гардида, дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ ва ҳамчунин меҳмонхона ҷойгир мешавад”, – иброз дошт Аҳмадзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони маҷмааи намоишгоҳӣ 5 гектар замин ҷудо шуда, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши бунёди он 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

“Аз ширкатҳои чиниву ҳиндӣ ҷиҳати сохтмони ин маҷмаа аллакай ба мо пешниҳодҳо расиданд. Мо онҳоро омӯхта, лоиҳаи беҳтаринро интихоб ва ба сохтмони маҷмаа шурӯъ мекунем. Фикр мекунам, ки Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ натанҳо ба рушди муносибатҳои тиҷоратии кишвар бо дигар давлатҳо мусоидат мекунад, балки бо тарзу усули ғайриоддии меъмории худ ба симои пойтахт ҳусни нав зам мекунад”, – изҳор намуд раиси Кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагии таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷмааи “Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон (ВДНХ)” сохта шуд. Меъмори он Эркин Солеҳов ва муҳандисаш В.Ржевкин мебошанд. Маҷмааи мазкур аз солҳои 90-уми асри гузашта дигар мавриди истифода қарор надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...