Дар Булункӯл 60 дараҷа хунук, барфрезӣ: яъне об дар Тоҷикистон кофӣ мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки обуҳавои сард дар кӯҳҳо ба захираи кофии барф имкон медиҳад ва аз ин рӯ, кишварҳои поёноби ҳавзаи Амударё дар мавриди захираи об дар мавсими тобистон беташвиш буда метавонанд, зеро об ба ҳама кофӣ хоҳад буд.

Айни замон ҳарорат дар мавзеи кӯли Булункӯл шабона то 56 дараҷа хунук буда, шаби 2 феврал обуҳавошиносон 60 дараҷа сардиро дар ин ҷо пешгӯӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сардори Хадамоти гидрометеорологии Муассисаи гирдрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, моҳи охири зимистон ҳарорат дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа хунуктар мешавад.

“Моҳи феврал дар кӯҳҳо боришоти зиёд дар назар буда, дар водиҳо ҳарорат наздиктар ба меъёрҳои иқлимӣ боқӣ мемонад, дар минтақаҳои кӯҳистон бошад, аз меъёр 1 дараҷа поинтар хоҳад буд”, – қайд кард Байдуллоева.

Булункӯл — номи кӯл дар Помири Шарқӣ буда, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 3737,4 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ҳарорат дар мавзеи ин кӯл маъмулан тобистон то 18-20 ва зимистон – 25-30 дараҷа хунук мешавад.

Байдуллоева изҳор намуд, ки бо вуҷуди нисбатан гарм будани ҳарорат дар моҳҳои зимистон, нисбат ба соли гузашта имсол дар Тоҷикистон барфу борон зиёдтар мешавад.

“Дар минтақаҳои баландкӯҳи Помир ҳарорати беҳад сард дар назар аст, дар Булункӯл то 60 дараҷа, Мурғоб – то 34, Хоруғ – 24, Рӯшону Ванҷ – 11 ва Ишкошим – 28 дараҷа хунукӣ пешбинӣ мешавад. Аввали моҳи феврал низ ҳарорат дар ин минтақа тақрибан ҳамин гуна боқӣ мемонад”, – илова намуд Байдуллоева.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...