Соҳибкорони тоҷик дар Сурхондарё дармонгоҳу меҳмонхонаҳо сохтанианд

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе, дар ин хусус зимни вохӯрии сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов бо директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Хуршед Саидов изҳори назар шуд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидор масоили амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо саҳми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон баррасӣ шуданд. […]

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе, дар ин хусус зимни вохӯрии сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов бо директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Хуршед Саидов изҳори назар шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидор масоили амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо саҳми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки зимни мулоқот Хуршед Саидов доир ба нақшаҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон дар мавриди саҳмгузории бевосита ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷумла сохтмони дармонгоҳу меҳмонхонаҳо, маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ маълумот дод.

“Ҷонибҳо дар бораи ояндаи наздик аз Ӯзбекистон боздид намудани як ҳайати бонуфузи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои мушаххас дар ин хусус бо ҳокимияти вилояти Сурхондарё созиш ҳосил намуданд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".