Зинаи 152-юми Тоҷикистон дар Индекси дарки коррупсия

Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд. Дар Индекси мазкур Тоҷикистон бо касби 25 имтиёз миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 152-юм ҷойгир аст. Қобили зикр аст, ки соли 2017 Тоҷикистон дар ин феҳрист мақоми 161-ум ва соли 2016 – […]

Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд.

Дар Индекси мазкур Тоҷикистон бо касби 25 имтиёз миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 152-юм ҷойгир аст. Қобили зикр аст, ки соли 2017 Тоҷикистон дар ин феҳрист мақоми 161-ум ва соли 2016 – зинаи 151-умро касб карда буд.

Transparency International Индекси навбатии дарки коррупсияро дар соли 2018 ба нашр расонид, ки дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд.

Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ  ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.

Русия дар мақоми 138-ум, Қазоқистон – 124, Қирғизистон – 132, Ӯзбекистон – 158 ва Туркманистон – дар зинаи 161-ум қарор доранд.

Байни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ ба бистгонаи беҳтарин Эстония шомил гардидааст, ки мақомот дар он ҷо фаъолона ба рушди “ҳукумати электронӣ” кӯшиш мекунанд. Transparency беҳбуди назарраси рейтинги ин кишварро зикр кардааст.

Тибқи арзёбии коршиносони Transparency, вазъи мубориза бо коррупсия дар ИМА соли 2018 бад ва шумори имтиёзҳои ин кишвар то 71 поин рафта, бори нахуст аз соли 2011 ин кишвар аз бистгонаи беҳтарин рейтинг хориҷ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки зинаҳои охирро дар рейтинги Индекси мазкур Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Сомали ишғол мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".