Роҳ дар мавзеи Қарияи Боло пеш аз муҳлат боз мешавад

Сохтмони эстакадаи дуюми сеқабата дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пеш аз муҳлат – охири соли 2019 ба итмом мерасад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии рӯзи 31 январ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод. “Бо сабаби пайдо шудани мушкилоту нороҳатии зиёд барои сокинони гирду атроф ва наздикии […]

Asia-Plus

Сохтмони эстакадаи дуюми сеқабата дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пеш аз муҳлат – охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Дар ин бора зимни нишасти хабарии рӯзи 31 январ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

“Бо сабаби пайдо шудани мушкилоту нороҳатии зиёд барои сокинони гирду атроф ва наздикии иншооти сохтмон, аз онҳо ба унвони мақомоти шаҳрдорӣ арзу шикояти зиёде мерасад, – иброз дошт ӯ. – Бо назардошти ҳамаи ин муроҷиатҳо, раҳбарияти пойтахт ба корхонаву ташкилотҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати анҷоми сохтмони эстакада то охири соли равон тадбирҳо андешанд”.

Бино ба гуфтаи муовини раиси пойтахт, баҳри ҳаллу фасли ин масъала аллакай як қатор тадбирҳо роҳандозӣ шудааст, аз ҷумла шумори бинокорон ва техника дар иншоот зиёд карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои сохтмони эсткадаи мазкур 26 феврали соли гузашта оғоз гардида, бояд моҳи августи соли 2020 ба итмом мерасиданд.

Айни замон дар самти ғарбии шаҳри Душанбе автомашинаҳо асосан бо кӯчаҳои Шамсӣ ва ба самти марказ – бо кӯчаҳои Карамов, Шараф ва аз ҷониби Прокуратураи генералӣ равуо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасидаанд: қисмати ғарбии роҳ то ҳол баста буда, дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.